Шумораи 20 000-уми нашрияи «Халқ овози» аз чоп баромад

Декабрь 20, 2016 13:37

ДУШАНБЕ, 20.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта нашрияи ӯзбекзабони «Халқ овози» шумораи 20 000-уми худро аз чоп баровард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз идораи нашрия иттилоъ доданд.
Нашрияи мазкур таърихи 87- сола дошта, бори аввал моҳи феврали соли 1929 бо номи «Қизил Тожикистон» ба нашр расидааст.
Рӯзнома то соли 1955 бо ҳамин ном аз чоп мебарояд. Баъдан бо қарори Комитети Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон номи он ба «Совет Тожикистони» иваз карда шуд.
Дар солҳои аввал нашрия бо ҳуруфи арабӣ, баъдан бо ҳуруфи лотинӣ нашр гардида, аз соли 1940 бо алифбои кириллӣ пешниҳоди хонандагон шудааст.
Рӯзномаи «Совет Тожикистони» мардумро ба роҳи созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят намудааст.
Агар солҳои аввали нашр он дар як ҳафта 2-3 маротиба чоп мешуд, пас солҳои 80-уми асри гузашта тиражи он ба 100 000 расид.
17 октябри соли 1963 нашрия ба муносибати бо тиражи 100 000 ба нашр расиданаш бо ордени «Байроқи сурхи меҳнат»-и Президиуми Шӯрои Олии СССР мукофотонида шудааст.
Дар ҳамон солҳо мухбирони ҷамоатии рӯзнома тақрибан 2 ҳазор нафарро ташкил медоданд.
Шумораи аввали «Қизил Тожикистон» бо имзои сармуҳаррири аввалин М. Ҳасанов ба нашр расидааст. Баъдан дар вазифаи сармуҳаррири рӯзнома К. Тереғулов, Н. Деҳқонов, С. Ғаффоров, Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров, Т. Ҳайитов, Муҳаммад Муродов фаъолият намудаанд. Ҳоло Ёқубҷон Абдуманнонзода сармуҳаррири ин нашрия мебошад.
Баъдан рӯзномаро доктори илмҳои таърих Ҳамид Гадоев, нависандаи машҳур Ҳоҷӣ Содиқ, журналистони шинохта Мухторҷон Баҳриддинов, Музаффар Солиев, Тоштемир Ҷӯрабоев, Абдусаттор Аҳмадалиев. Исмоилҷон Муҳсинов ва Ҳайдар Ҷӯраев сарварӣ намуданд.
Дар солҳои аввали истиқлолият рӯзнома номи худро иваз кард ва акнун он бо номи «Халқ овози» чоп мешавад.
Бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзномаи «Халқ овози» нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.
Дар ин рӯзнома адибону рӯзноманигорони ӯзбекзабони кишвар, аз қабили Аширмат Назаров, Маҳмуд Тӯлқин, Улуғназар Аҳмедов, Худоёр Каримов, Маҳмудҷон Остонов, Қосимҷон Мамаҷонов, Воситҷон Муҳаммедов, Ӯлмас Ҷамол, Сулаймон Эрматов, Ҷамолиддин Тошматов, Турғун Дадабоев, Турон Тӯйчиев, Зокирҷон Собирҷонов, Ҳабибулло Ботиров, Улуғой Йӯлчиева, Мамлакат Нарзибекова, Роҳатой Неъматова, Муборак Муҳаммедова, Тӯтинисо Юсуфбекова, Санобар Аллаева, Неъмат Иброҳим, Аскар Маҳкам, Зикрулло Валӣ, Садриддин Ашур, Абдулло Зуҳур ва дигарон фаъолият намудаанд.
Бояд гуфт, нашрияи «Халқ овози» дар инъикоси ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мамлакат мавқеи шоиста дошта, дар баробари тарғиби сиёсати созандаи Сарвари давлат, ҳамчунин ба ташвиқу тарғиби дӯстии абадии ду халқи ба ҳам дӯсту бародар- тоҷику ӯзбек хизмат мекунад.
Ҳоло саҳифаҳои зерини нашрия: «Дунё сиёсат саҳнасида» («Дунё дар саҳнаи сиёсат»), «Ҳикмат нури» («Нури ҳикмат»), «Сафобахш Хатлонзамин» («Хатлонзамини сафобахш»), «Зарнисор муждалари» («Муждаҳои Зарнисор»), «Суғд насими» («Насими Суғд»), «Аёл дунёси» («Дунёи зан») аз тарафи хонандагони рӯзнома ба хушӣ пазируфта шудаанд.
Нашрияи «Халқ овози», ки мақоми расмӣ дорад, ба мардуми ӯзбекзабони кишвар сиёсати созандаву бунёдкоронаи роҳбарияти олии Тоҷикистонро тарғиб менамояд. Дар шабакаи интернет «Халқ овози» саҳифаи алоҳида дорад: http//khalkovozi.tj/.

Декабрь 20, 2016 13:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Вобаста ба таҳияи омори расмии раванди мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ҳамоиш доир шуд
Дар доираи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия таҷҳизоти нигоҳдорӣ ва истифодаи китобҳо беҳтар мегардад
Барои дарёфти «Ҷоми ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон» мусобиқаи варзишӣ эълон карда шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Таваҷҷуҳи сокинон ба парвариши маҳсулот дар гармхона бештар гардидааст
Моҳи май дар Душанбе Форуми ХVIII зиёиёни эҷодкор ва олимон баргузор мешавад
Дар Истаравшан вобаста ба истифодаи оқилонаи неруи барқ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ аз эҳтимол дур нест
Озмуни экологии «Моҳи ҳифзи пиряхҳо 2025» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба таъсири интернет ва расонаҳои рақамӣ конфронс доир шуд
Вазъ ва мушкилоти таълими фанни мантиқ дар мактабҳои олии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Вобаста ба нақши Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ конфронс баргузор гардид