Шумораи мақомоти худидораи ҷамъиятӣ дар шаҳри Хоруғ ба 400 адад расидааст
ХОРУҒ, 16.12.2016. /АМИТ Ховар/. Дар Маҷмааи варзиши шаҳри Хоруғи ВМКБ намоиш ва фурӯши дастовардҳои ҳунармандони мардумӣ ва коргоҳҳои хурди хусусӣ баргузор шуд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» аз вилояти мазкур хабар дод.
Ба гуфтаи муовини аввали раиси шаҳр Ҷумъа Ҷумъаев, «мутобиқ ба стратегияи идоракунии муштарак, ки дар асоси Қонун «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ роҳандозӣ шудааст, сол аз сол шумораи чунин мақомоти худфаъолият бештар мегардад. Назар ба ҳисоботи оморӣ ҳоло зиёда аз 400 ташкилоти худидораи ҷамъиятӣ дар ҳудуди вилоят фаъолият мекунанд ва дар пешрафти ҳаёти иҷтимоию фарҳангии ҷомеа саҳми арзишманд мегузоранд. Аъзои ин ташкилотҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, созмонҳои байналмилалӣ ҳамасола лоиҳаҳои гуногунро таҳия ва амалӣ месозанд. Баъди тадбиқи ҳар як лоиҳа аз ду то 10 нафар соҳиби ҷои нави корӣ мешаванд».
Яке аз соҳибкорони маҳалӣ аз ноҳияи Роштқалъа Камол Аламшоев гуфт, ки «бо истифода аз қарзҳои хурди бонкӣ танҳо дар ноҳияи Роштқалъа се корхонаи коркарди пашму пӯст фаъолият доранд. Яке аз он ба оилаи мо тааллуқ дорад. Дар ин корхона панҷ нафар аъзои оила машғули кор мебошанд. Мардон ба коркарди пӯст ва аз он тайёр кардани пойафзолу гилеми чармин ва ҳар гуна армуғонҳо дар шакли ҳайвоноти нодир машғуланд. Занон рӯймол, ҷорӯбу дастпӯшакҳои пашмин мебофанд. Маҳсули дастони ин ҳунармандонро, ки аз ҷиҳати экологӣ хеле тозаанд, бештар сайёҳони хориҷӣ харид мекунанд».








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






