Синдзи Оказаки-беҳтарин футболбози Осиё дар соли 2016
ДУШАНБЕ, 28.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамлагари дастаи «Лестер Сити»-и Англия Синдзи Оказаки (Shinji Okazaki) аз рӯи раъйпурсии нашрияи «Titan Sports»-и Чин беҳтарин бозингари соли 2016-и Осиё эълон гардид. Дар овоздиҳӣ 35 рӯзноманигори варзиш аз кишварҳои Осиё, аз ҷумла аз Тоҷикистон ва 5 рӯзноманигор аз расонаҳои дигари ҷаҳон ширкат карданд.
Дар натиҷа Синдзи Оказаки, ҳамлагари дастаи мунтахаби Япония ва клуби «Лестер Сити»-и Англия бо 126 овоз пирӯз шуд. Ҳамлагари дастаи «Алайн»-и Амороти Мутаҳидаи Араб, беҳтарин футболбози Осиё дар соли 2016 аз рӯи ақидаи КФО -Умар Абдураҳмон бо 123 овоз дар зинаи дуюм ва Сон Хин Мин (Son Heung-min)- ҳамлагари кореягии дастаи «Тотенхем»-и Англия бо 109 овоз дар мақоми сеюм ҷой гирифтанд.
Синдзи Оказаки собиқан дар дастаҳои машҳури «Штутгарт» ва «Майнтс» ҳунарнамоӣ карда, соли 2015 ба дастаи «Лестер Сити» гузаштааст. Чемпиони Осиё дар соли 2011 мебошад.
Натиҷаи умумии овоздиҳӣ чунин аст:
| Rank | Name | Club | Points |
| 1 | Shinji Okazaki | Leicester City | 126 |
| 2 | Omar Abdulrahman | Al-Ain | 123 |
| 3 | Son Heung-min | Tottenham Hotspurs | 109 |
| 4 | Sardar Azmoun | Rostov | 46 |
| 5 | Leonardo | Jeonbuk Hyundai | 34 |
| 6 | Genki Haraguchi | Hertha BSC | 30 |
| 7 | Hammadi Ahmad | Al-Quwa Al-Jawiya | 16 |
| 8 | Paulinho | Guangzhou Evergrande | 15 |
| 9 | Adriano | FC Seoul | 13 |
| 10 | Wu Lei | Shanghai SIPG | 11 |
| 11 | Koo Ja-cheol | FC Augsburg | 10 |
| 12 | Hiroshi Kiyotake | Sevilla | 7 |
| 13 | Lee Jae-sung | Jeonbuk Hyundai | 6 |
| 14 | Romarinho | El Jaish | 5 |
| 15 | Chanathip Songkrasin | Muangthong United | 5 |
| Tom Rogic | Celtic | 5 | |
| 17 | Ahmed Khalil | Al-Ahli | 4 |
| 18 | Aaron Mooy | Melbourne City / Huddersfield Town | 2 |
| 19 | Sharof Rashidov | El Jaish | 2 |
| 20 | Kwon Sun-Tae | Jeonbuk Hyundai | 1 |








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






