Таҳияи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ
Душанбе, 06.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии гурўҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳияи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти кумита иттилоъ доданд.
«Гурўҳи кории мазкур таҳти роҳбарии муовини якуми раиси Кумита Рустам Шоҳиён бо мақсади таҳияи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2017-2030» ва зербарномаҳои он ташкил карда шудааст, ки ба ҳайати он намояндагони як зумра вазорату идораҳои кишвар шомиланд.
Дар ҷараёни ҷаласа иштирокчиён бо лоиҳаи такмилдодашудаи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2017-2030» ва лоиҳаи марбутаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуда, лоиҳаро мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор доданд»,-хабар дод манбаъ.
Таклиф гардид, ки лоиҳаи ниҳоии он бо назардошти тағйиру иловаҳо ба маҷлиси навбатии Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои баррасӣ пешниҳод карда шавад.
Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, роҳбарони раёсату шуъбаҳои Кумита ва кормандони Барномаи рушди СММ ширкат карданд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






