Тарҳи гузаронидани бозиҳои ниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дигар хоҳад шуд

Декабрь 27, 2016 14:22

ДУШАНБЕ, 27.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи футболи ҷаҳонӣ (ФИФА) тарҳи гузаронидани бозиҳои ниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба футболро дигар хоҳад кад. Дар ин бора СВС хабар медиҳад.
Таҳлилгарони ин ниҳоди бузург пешниҳод кардаанд, ки шумораи иштирокдорони бозиҳои ниҳоии Чемпионати ҷаҳонро ба 48 адад расонанд. Он вақт ин миқдор дастаҳо ба 16 гурӯҳи аз 3 даста иборат ҷудо карда мешаванд ва бозиҳо аз марҳалаи 1/32-ниҳоӣ оғоз мегарданд. Дар 32 рӯзи баргузории бозиҳо 80 вохӯрӣ гузаронида мешавад.
Аз нигоҳи молиявӣ тарҳи нави бозиҳои ниҳоии Чемпионати ҷаҳон ба буҷаи ФИФА нисбат ба шакли ҳозираи мусобиқа 640 миллиони доллар даромади соф ворид хоҳад кард.
СВС хабар медиҳад, ки гузаронидани бозиҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳон бо тарҳи нав мумкин аст дар соли 2016 амалӣ гардад.

Декабрь 27, 2016 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд