Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Барномаи рушди СММ ҳамкории самарабахшро ба роҳ мондааст
ДУШАНБЕ, 08.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид, Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Пратибҳа Меҳта мулоқот намуд.
Дар ин бора Нуралӣ Шоқурбонов, сардори маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
«Зимни мулоқот Неъматулло Ҳикматуллозода аз ҳамкории самарабахши соҳа миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти бонуфузи СММ, аз ҷумла Барномаи рушди ин созмон изҳори қаноатмандӣ намуд»,-иттилоъ дод манбаъ.
Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид, Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон афзуд, ки баргузории чунин вохӯриҳо дар сатҳи баланд, бешак барои самаранок ва сари вақт амалӣ гардидани лоиҳаҳои муштарак мусоидати фаъол хоҳанд кард.
Ҷонибҳо инчунин ҷиҳати минбаъд густариш додани ҳамкории дуҷониба омодагии худро баён доштанд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






