ВМКБ: Осудагии Ватан мароми мост

Декабрь 2, 2016 14:43

Душанбе, 02.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ба хотири пешгирии хатарҳои муосири ҷомеа ва зуҳуроти номатлуб, аз қабили терроризм ва экстремизм, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрави ифротӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон вохӯрии роҳбарияти РВКД ва Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ бо сокинон, халифаҳо, ҷавонон ва фаъолони ноҳия баргузор гардид.
Тавре аз Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Абдулваҳоб Искандарзода оид ба вазъи ҷинояткорӣ дар вилоят ва ноҳияи Шуғнон, ки бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсарҳад аст, маълумот дода, чунин зикр кард: «Вазъияти сиёсии имрӯзаи ҷаҳон ягон кишварро бе таъсир намегузорад. Дар ин самт ҳар яки мо бояд дар пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ саҳмгузор бошем. Ин хатари замони муосир ба кулли ҷомеа таҳдид менамояд, аз ин рӯ аз волидон, масъулини муассисаҳои таълимӣ, намояндагони дин ва аҳли ҷамоат бояд ҳамкориро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мустаҳкам намоянд».
Дар вохӯрӣ инчунин сардори раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ Нусратулло Мирзоев дар мавзӯи мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ки ҷавонони ноогоҳ бештар ба ин амалҳои зишт даст мезананд, ибрози андеша намуд.

Декабрь 2, 2016 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе