Замира Рустамова «Омўзгори соли Тоҷикистон-2016» интихоб гардид
ДУШАНБЕ, 30.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Муаллимаи мактаб барои хонандагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Замира Рустамова ба унвони «Омўзгори соли Тоҷикистон-2016» мушарраф гардид.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо мақсади дарёфт ва интихоби омўзгорони боистеъдод, навовар, эҷодкор, рушди фаъолияти касбии кормандони соҳа, тарғиби таҷрибаи пешқадами омўзгорӣ, қадрдонии меҳнати омўзгор ва баланд бардоштани мақому манзалати ў дар ҷомеа аз 27 то 29 декабри соли равон дар заминаи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф, муассисаи таҳсилоти умумии №21 ва литсейи №55 даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Омўзгори соли Тоҷикистон-2016» доир карда шуд.
Озмун аз рўи шартҳои пешниҳоди дурусту амиқи мавзўъ, маҳорати дода тавонистани донишҳои нав ба хонандагон, таҳлил карда тавонистани дарсҳои ҳамдигарӣ ва малакаи муаррифии дастовардҳо тавассути воситаҳои муосири техникии таълим, аз қабили тахтаи электронӣ, компютер ва видеопроектор баргузор гардида, дар он довталабони ғолиб аз вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат ширкат намуданд.
Бо фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати ҳакамони босалоҳият, аз ҷумлаи олимону мутахассисони соҳа таъсис дода шуд ва он фаъолияти довталабонро арзёбӣ намуд
Ба ғолиби озмун ва иштирокчиёни он аз ҷониби Вазорати маориф ва илм нишони «Аълочии маориф ва илм» ва Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, туҳфаҳои хотиравӣ, мукофоти пулӣ ва аз ҷониби Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми ҷумҳурӣ планшет ва роҳхатҳо ба истироҳатгоҳҳои ҷумҳурӣ тақдим карда шуданд.









Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






