12 нафар донишҷӯи ДДТТ дар донишгоҳҳои хориҷи кишвар таҳсил доранд

Январь 12, 2017 16:18

ДУШАНБЕ, 12.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар донишгоҳҳои хориҷи кишвар ҳоло 12 нафар донишҷӯ — 1 нафар дар зинаи магистратураи Донишгоҳи савдою кооператсияи Беларус, 1 нафар дар риштаи магистратураи Донишгоҳи кооператсияи матлуботи Сибир, 3 нафар омӯзгорони донишгоҳ дар риштаи магистратура ва PhD-и Донишгоҳи Пизаи Италия, 1 нафар донишҷӯи факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ дар зинаи бакалаври Донишгоҳи Ховари Анқара, 5 нафар донишҷӯёни факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ дар риштаи бакалаври Донишгоҳи Кемянги Кореяи Ҷанубӣ таҳсил доранд. Дар ин бора имрӯз дар нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон хабар дода шуд.
Ба гуфтаи ректори Донишгоҳ Мумин Шарифзода, байни ДДТТ ва Донишгоҳи «Хоҷагии халқ», Донишгоҳи Алмаато ва Донишгоҳи иқтисодии Қарағандаи Қазоқистон ҳамкории самаранок ба роҳ монда шудааст.
«Дар доираи созишномаҳо устодони донишгоҳи мо ва донишгоҳҳои номбурда дар конфронсҳои илмии байналмилалӣ (ғоибона) фаъолона иштирок ва мақолаҳо чоп намудаанд. Инчунин донишҷӯёни мо бо донишгоҳҳои номбурда дар доираи барномаи табодул фаъолона иштирок намуда, моҳи феврали соли 2016 шаш донишҷӯ барои идомаи таҳсил дар зинаи бакалавр ба донишгоҳҳои номбурда сафарбар гардиданд»,-иброз дошт М. Шарифзода.

Январь 12, 2017 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад