31 январ-Рӯзи байналмилалии заргарон. Заргарӣ ҳунари нозук ва қадимии тоҷикон аст
ДУШАНБЕ, 31.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. 31 январ дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии заргарон таҷлил мешавад. Барои ташкили ин рӯз бори аввал соли 2002 дар фестивали «Золотое кольцо России» дар шаҳри Костромаи Федератсияи Россия тасмим гирифта шуд. Соли 2008 дар шаҳри Тошканд дар фестивали заргарони ҷавон 31 январ ҳамчун Рӯзи байналмилалии заргарон тасдиқ шуд.
Касби заргарӣ яке аз қадимтарин касбҳо ба шумор меравад. Дар Тоҷикистон низ аз давраҳои қадим заргарон бо маснуоти заргарии худ, ба мисли дастпона, қулфи гиребон, гӯшвора, холчӯб, чолбанд, зира, нуқрапӯшак ва ғайра хеле машҳур буданд. Бояд гуфт, ки заргарӣ таърихан касби занона ва мардона буд ва то ҳол ин касб дар байни мардуми тоҷик машҳур аст.
Айни ҳол дар Тоҷикистон миқдори зиёди корхонаҳои истеҳсолии маснуоти заргарии ҳуқуқию инфиродӣ бунёд карда шуда, ҳамзамон толорҳои заргарию мағозаҳо фаъолият доранд.
Илҳом Ҳакимов, як заргари тоҷик зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт: «Тӯли 20 сол мешавад, ки ба ҳайси заргар фаъолият мекунам ва бо ҳунари худ зиндагиямро пеш мебарам. Ин касб бисёр касби нозук ва душвор аст».
Ба гуфти ӯ, солҳои охир сафи заргарони тоҷик кам шуда истодааст. Сабаби инро ӯ дар кам шудани талабот ва фармоиши ҷавоҳироти заргарӣ мебинад.
Нодира Абдураҳмонова, мушовири мағозаи ҷавоҳироти «Ақиқа» дар суҳбат бо мо зикр намуд, ки «талаботи мардуми тоҷик ба хариди ҷавоҳирот ҳар гуна аст. Ҳастанд нафароне, ки ҷавоҳироти хориҷиро меписанданд. Нафарони дигар маснуоти миллӣ, бахусус ороишоти қадимиро маъқул медонанд».
Ҳамчунин ӯ зикр намуд, ки мо маҳсули дасти заргарони худро ба ҳамаи намоишгоҳҳо пешниҳод мекунем.









Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






