85 нафар устодону донишҷўён дар доираи амалишавии лоиҳаҳои грантии байналмилалӣ соҳиби диплому сертификат гардиданд

Январь 13, 2017 15:38

ДУШАНБЕ, 13.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (ДТТ) нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Илҳом Амонзода, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон зикр кард, ки шуъбаи робитаҳои хориҷии ДТТ дар соли таҳсили 2016-2017 тавонист дар як зумра лоиҳаҳои грантии Иттиҳоди Аврупо иштирок намуда, мубодилаи байналмилалии донишҷўён ва устодонро таъмин намояд.
«Дар давраи зикргардида зиёда аз 85 нафар устодон ва донишҷўён дар доираи амалишавии лоиҳаҳои грантии байналмилалӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои Барномаҳои ТЕМПУС ва Эрасмус Мундуси Иттиҳоди Аврупо, Ташкилоти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ), LOGO — Кишоварзӣ ва мувозинати  экологӣ бо Аврупои Шарқӣ дар таҷрибаомўзӣ, курсҳои бозомўзӣ ва такмили ихтисос иштирок намуда, соҳиби диплому сертификатҳо гардиданд»,- гуфт  ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон.
Ҳоло дар донишгоҳ 12 нафар шаҳрванди хориҷӣ (аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон) таҳсил доранд, ки 5 нафари онҳо тибқи бурсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Январь 13, 2017 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад