Абдумаҷид Ҳакимзода дар дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба фаъолият оғоз кард
ДУШАНБЕ, 24.01.2017. /АМИТ Ховар/. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдумаҷид Ҳакимзода, директори Муассисаи давлатии телевизиони «Ҷаҳоннамо» бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ишғолнамудааш озод гардид.
Тавре ки аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, Абдумаҷид Ҳакимзода мудири шуъбаи иттилоот ва таҳлили дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе таъйин гардид.
Абдумаҷид Ҳакимзода соли 1979 факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог-шарқшинос хатм намуда, солҳои 1977-1978 дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба сифати тарҷумон ифои вазифа кардааст. Номбурда солҳои 1989-1991 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ба сифати тарҷумони низомӣ хизмат намуда, фаъолияти журналистиро соли 1982 ба ҳайси муҳаррири Сардирексияи барномаҳои Телевизиони Тоҷикистон оғоз намудаааст.
Мавсуф солҳои 1984-1986 дар сафи қитъаоти маҳдуди Артиши Шӯравӣ дар Афғонистон адои хизмат намуда, солҳои 1986 — 1996 ба ҳайси муҳаррир, муҳаррири калон, мудири шуъба, муовини сармуҳаррири Идораи барномаҳои иттилоотӣ ва ҷамъиятӣ-сиёсии Телевизиони Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Абдумаҷид Ҳакимзода аз соли 1996 то 2004 ба сифати сармутахассис ва машваратчии калони Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои вазифа кардааст. Ӯ солҳои 2004 — 2006 дар вазифаҳои сармуҳаррири идораҳои иттилоотӣ, сиёсӣ ва муовини директори Телевизиони Тоҷикистон фаъолият дошт.
Номбурда аз соли 2006 то соли 2008 дар вазифаи муовини директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» ва аз соли 2008 то 23 январи соли 2017 дар вазифаи директори Муассисаи давлатии телевизиони «Ҷаҳоннамо» фаъолият намудааст.
Абдумаҷид Ҳакимзода муаллифи як силсила барномаҳои телевизионӣ ва филмҳои ҳуҷҷатӣ буда, дар шабакаҳои телевизионии СNN, РТР ФР ва «Ал-Ҷазира» ихтисосашро такмил додааст.
Хизматҳои Абдумаҷид Ҳакимзода бо унвони ифтихории «Корманди шоистаи Тоҷикистон», ордени «Ситораи Сурх», медали «Хизмати шоиста» ва дигар мукофотҳои давлативу соҳавӣ қадр гардида, аз соли 2011 узви ҳақиқии Академияи телевизион ва радиои АвруОсиё мебошад.








«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд






