Қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ифтихори тоҷикон аст

Январь 23, 2017 12:28

ДУШАНБЕ, 23.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Даҳсолаи байналмилаии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018 -2028 ҷамъомад доир гардид. Дар кори он як зумра олимону донишмандони соҳа ширкат карданд.
Муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов изҳор дошт, ки қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», ки 21 декабри соли 2016 дар Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид сурат гирифт, ифтихори тамоми мардуми тоҷик аст. «Истиқлолияти сиёсии кишвар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро дар бар гирифта, асоси рушду пешрафти Тоҷикистони азизамонро таъмин менамояд. Дар ин росто масъалаи об муҳимтарин сарчашмаи ҳаёт ва соҳаи заминавии ташаккули саноат, иҷтимоиёт, пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва некуаҳволии мардуми кишвар ба шумор меравад»,-иброз дошт мавсуф.
Дар ҷамъомад муовини сардори Раёсати захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шарифов дар мавзӯи «Тоҷикистон ва Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор», мудири кафедраи мелиоратсия, таҷдидсозӣ ва ҳифзи замини Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Шавкат Пӯлодов дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои глобалии об» маърӯза карда, аҳамият ва қабули ин қатъномаро муҳиму саривақтӣ ҳисобиданд.

Январь 23, 2017 12:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад