Ҳадафи асосии Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон таъмини рушди босуботи кишвар ва зиндагии шоистаи аҳолии мамлакат аст
РАШТ, 16.01.3017./АМИТ «Ховар»/. Мақсади асосии фаъолияти Давлату Ҳукумат, тамоми чорабинию тадбирҳо, қабули қонунҳо, стратегияву барномаҳо, амру фармонҳои Сарвари давлат — ин таъмини рушди босуботи мамлакат ва зиндагии шоистаи мардуми кишварамон мебошад. Дар ин бора Саидалӣ Сиддиқ, директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи таблиғотӣ оид ба шарҳу эзоҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Ҳоит, Ясман, Нимич ва Иҷбораки ноҳияи Рашт изҳори ақида кард.
Номбурда зикр намуд, ки дар нимаи моҳи январ пурра аз байн бардоштани маҳдудияти таъмини аҳолӣ бо нурӯи барқ гувоҳи он аст, ки Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои миллат ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ – истиқлолияти энергетикӣ торафт наздик мешавад ва баъди ба кор даромадани нахустин агрегати НБО-и Роғун дар соли 2018 Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба истиқлолияти энергетикӣ дастёб мегардад.
Дар мулоқотҳо ҳамчунин аъзоёни дигари ин гуруҳи таблиғотӣ – сармутахассиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳдӣ Собир, муовини раиси ноҳияи Рашт Зумратбӣ Лоиқова, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт Рустам Шафизода ва дигарон оид ба зарурияти иштироки бевоситаи сокинон дар нигоҳдорӣ ва таҳким бахшидани суботу оромӣ дар ҷомеа, таълиму тарбияи дурусти фарзандон, бо таҳсили босифат фаро гирифтани ҷавонону наврасон, таъсиси марказҳои таҳсилу касбомузӣ барои калонсолон, рушди соҳибкорӣ, азхуд намудани заминҳои бекорхобида, ташкили корхонаҳои нави хурду миёна оид ба истеҳсоли маҳсулот ва коркарди меваю сабзавот, ба вуҷуд овардани инфрасохтори замонавии соҳаи сайёҳӣ ҷиҳати муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ ва дигар паҳлӯҳои Паёми Сарвари давлат ибрози назар намуданд.
Зимни мулоқотҳо сокинони деҳоти зикршуда низ ба сухан баромада, ба Пешвои миллат барои таъмини суботу оромӣ дар ҷомеа, шароити мусоиди кору зиндагӣ ва таҳсил, ғамхорӣ дар ҳаққи мардуми куҳистон, алалхусус оилаҳои камбизоат ва ашхоси бемору бепарастор арзи сипоси бепоён карда, изҳор доштанд, ки дар иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва нақшаю барномаҳои Хукумати мамлакат ҳиссаи сазовор хоҳанд гузошт.










Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






