Амалиёти ниҳолшинонӣ дар қаламрави кишвар то 15 марти соли равон ҷараён мегирад

Январь 16, 2017 15:37

ДУШАНБЕ, 16.01.2017 /АМИТ Ховар/. 14 январи соли равон  бо иштироки ҷавонону омӯзгорон ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ  дар чор ноҳияи пойтахт 75 рӯзи ниҳолшинонии ҷавонон таҳти унвони «Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад» доир гардид.  Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ доданд,  дар  амалиёти мазкур дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шуданд.
Ба иттилои манбаъ, ин иқдом ба муносибати 20- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон роҳандозӣ карда шуд.
Амалиёти ҷумҳуриявии 75 рӯзи ниҳолшинонии ҷавонон аз 1 январ то 15 марти соли равон дар қаламрави кишвар доир мегардад.

Январь 16, 2017 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад