Андрей Аршавин беҳтарин бозингари Қазоқистон эълон шуд
ДУШАНБЕ, 4.01.2016 /АМИТ «Ховар»/. Собиқ ҳамлагари дастаи мунтахаби Россия Андрей Аршавин, ки ҳунарнамоиашро дар ҳайати КФ «Кайрат»-и Алмаато идома медиҳад, беҳтарин футболбози Қазоқистон дар мавсими соли 2016 эълон шуд. Дар ин бора нашрияи «Pro Sports» хабар медиҳад.
«Андрей Аршавин бо ҳунарнамоиаш ба мухлисону мутахассисон писанд омад ва аз ин рӯ дар муайян кардани беҳтарин бозингари чемпионати Қазоқистон баҳсе ба вуҷуд наомад», -овардааст «Pro Sports».
Дар ҳайати дастаи «Кайрат» Андрей Аршавини 35-сола 37 бозӣ гузаронида, 11 маротиба ба задани гол муваффақ шудааст. Яке аз тӯбҳои дар моҳи декабр задааш беҳтарин голи мавсими соли 2016 дар Қазоқистон эътироф шуд.
Андрей Аршавин пештар дар дастаҳои «Зенит»-и Санкт Петербург, «Арсенал»-и Англия ва «Кубан»-и Краснодар бозӣ кардааст.
Дар ҳайати дастаи мунтахаби Россия аз соли 2002 то 2012 дар 75 бозӣ ширкат карда, ба дарвозаи ҳарифон 17 тӯб задааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






