Ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Ваҳдат таҷлил мешавад

Январь 16, 2017 17:56

ДУШАНБЕ, 16.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ваҳдат ҳоло корҳои сохтмони  як бинои чорошёнаи ташхисию табобатӣ, ду бинои панҷошёнаи истиқоматӣ, се бинои истиқоматии сенздаҳошёна, як бинои истиқоматии бистушашошёна, бинои маъмурии ШВКД дар шаҳри Ваҳдат,  варзишгоҳ барои 25 ҳазор ҷойи нишаст ва  бинои мактаб барои 640 ҷойи нишаст бо маром идома доранд.  Дар назар аст то  ҷашни 20- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ин иншоот ба истифода дода шаванд.  Ин нуктаро имрӯз раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд.
«Дар ҳақиқат  соли 2017  барои мардуми шаҳри Ваҳдат соли хотирмону таърихӣ  ва масъулиятнок  мебошад. Чунки дар ин сол бо қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни 20- солагии  Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Ваҳдат  таҷлил карда мешавад. Ин боиси ифтихору сарфарозии шаҳри мост. Ба пешвози ин ҷашни ҷумҳуриявӣ корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳри Ваҳдат авҷи тоза гирифта, симои меъмории шаҳр ҳусни тоза мегирад»,- иброз дошт раиси шаҳр.

Январь 16, 2017 17:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад