Аз китобхонаи «Ганҷбахш»-и Покистон ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон 134 номгў китобу маҷалла тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 28.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои фарҳангию байникитобхонавӣ ва тавассути мубодилаи байналмилалии китоб бо китобхонаҳои мухталифи мамлакатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ намуда, бо китобхонаҳои 27 давлати ҷаҳон додугирифти китоб дорад. Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва 9 китобхонаҳои хориҷӣ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ амал мекунад.
Ахиран дар моҳи январи соли ҷорӣ бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ва шахсан сафир Шералӣ Ҷононов ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон яксаду сиву чаҳор (134) номгў китобу маҷалла тақдим гардид. Эҳдои мазкур аз китобхонаи «Ганҷбахш»-и Покистон сурат гирифтааст. Дар байни китобои ҳадяшуда аз ҷумла китоби арзишманди «Феҳристи муштараки нусхаҳои хаттии форсии Покистон» дар ҳашт (8) ҷилд, якчанд шумораи маҷаллаи адабии «Дониш», тазкираи «Махзан-ул- ғароиб» мавҷуд аст, ки барои пажўҳишгарони тоҷик ва толибилмон туҳфаи маънавии бебаҳост.
Ин бори аввал нест, ки тавассути Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон чунин ҳадяҳои арзишманд мерасанд. Соли гузашта низ нусхаҳои мутааддиди китобҳои дастхати нодири дар китобхонаҳои машҳури Покистон вуҷуддошта дар шакли электронӣ ба шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллӣ туҳфа шуда буд, ки фонди электронии нусхаҳои қаламиро ғанӣ гардонида буд.
Роҳбарияти Китобхонаи миллӣ ва кормандон аз ин ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ва сафири муҳтарами он сипосгузор буда, ба фаъолияти касбии дастандаркорони Сафорат комёбиҳо ва бурдбориҳо таманно менамоянд.








Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид






