Барқияи табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин
ДУШАНБЕ, 04.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Муҳтарам ҷаноби Раис,
4 январи соли 2017 аз рӯзи оғози робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой бисту панҷ сол пур мешавад.
Дар иртибот ба ин марҳалаи муҳим дар таърихи муосири муносиботи байни кишварҳоямон бо камоли майл ба Шумо табрикоти самимӣ ва таманниёти неки хешро ирсол медорам.
Чоряк аср муқаддам Хитой, ҳамчун ҳамсояи хайрхоҳ ва дӯсти боэътимод аз аввалин давлатҳое буд, ки соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият пазируфт ва кишварҳои мо ба ташаккулу густариши робитаҳои сифатан нави байнидавлатӣ ҳусни оғоз бахшиданд.
Боиси хушнудист, ки тайи давраи сипаришуда муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Хитой чӣ дар чорчӯбаи дуҷониба ва чӣ дар шакли бисёрҷониба бемайлон рушд намуданд.
Имрӯз ба ҳамшарикии кишварҳои мо, ки дар асоси усулҳои ҳусни ҳамҷаворӣ, эҳтиром ва эътимод ба ҳамдигар, баробарҳуқуқӣ ва риояи мутақобилаи манфиатҳо бино ёфтааст, сатҳи баланди ҳамкорӣ хос аст.
То имрӯз заминаи ғании ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба фароҳам оварда шуда, василаҳои самараноки пешбурди онҳо эҷод гардидаанд, робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарии ҷонибҳо босуръат рушд карда, ҳамкории мо дар соҳаи амният таҳким меёбад.
Байни Тоҷикистон ва Хитой дар сатҳи олӣ ва баланди давлатӣ муколамаи доимии сиёсӣ ба роҳ монда шудааст ва дар ҷараёни он дидгоҳи усулии ҷонибҳо нисбат ба доираи васеи мушкилоти мубрами байналмилалӣ, аз ҷумла масъалаҳое, ки ба рӯзномаи СММ ва СҲШ шомиланд, ҳамсон ва ё ба ҳам бисёр наздик мебошанд.
Бо истифода аз фурсати муносиб мехостам нақши бузурги шахсии Шуморо, ҷаноби Раис, дар ин раванди барои ҷонибҳо судманд таъкид намоям.
Мо муносибатҳои босуботи худро бо Ҷумҳурии Халқии Хитой арзишманд медонем ва ба рушди мантиқии онҳо дархӯр ба рифоҳи мардумонамон эътимоди комил дорем.
Дар дурнамои наздик ва дарозмуҳлат рушду тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба бо ҳамсояи бузурги худ самти авлавиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Бо таъкиди манфиатдорӣ дар нигоҳ доштан ва боло бурдани сатҳи муносибатҳои кишварҳоямон, мо омодагии хешро барои идома бахшидани кӯшишҳои муштараки минбаъда ҷиҳати бо мазмуни нав боз ҳам ғанитар гардонидани тамоми ҷанбаҳояи ин ҳамкориҳо иброз медорем.
Итминон дорам, ки ба солномаи пуршарафи дӯстии абадӣ ва заволнопазири Тоҷикистону Хитой дар оянда саҳифаҳои нави дурахшон илова хоҳанд гашт.
Шуморо, Ҷаноби Олӣ, ба муносибати 25-солагии ба роҳ мондани робитаҳои дипломатии байни давлатҳоямон сидқан табрик намуда, бароятон саломатии бардавом, хушрӯзӣ ва комёбиҳои нав дар роҳи таъмини шукуфоии мардуми дӯсти Хитой орзумандам».








Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии идона ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи ноҳияи Рашт
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз боғи интенсивии Пайванди Рашт дидан намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи фаръии истеҳсоли шарбати Саноати хӯроквории минтақаи Раштро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 15 иншоотро ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Тоҷикобод ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқатро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Рашт ташриф оварданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи расмии Варзишгоҳи миллӣ ва барномаи театрикунонидашуда ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идомаи табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози роҳпаймоии сокинони шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ






