Бохти дастаи мунтахаби футболи ҷавонон дар Санкт-Петербург

Январь 11, 2017 12:19

ДУШАНБЕ, 11.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони то 18-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дуюми худ дар гурӯҳи «А» дар мусобиқаи байналмилалӣ барои хотира ва ҷоизаи аввалин ноиби президенти ФИФА Валентин Гранаткин, ки дирӯз дар шаҳри Санкт- Петербурги Россия бо дастаи Булғория баргузор шуд, бо натиҷаи 1:0 мағлуб шуд. Ягона голро дар дақиқаи 43-юм Кирилл Николов ба самар расонд.  Дар дақиқаи 57-уми нимаи дуюми вохӯрӣ довар Борислав Вакадиновро аз дастаи мунтахаби Булғория аз майдон ронд, аммо футболбозони мо ба дигар кардани натиҷа имкон наёфтанд.

Ба ин бохт нигоҳ накарда футболбозони тоҷик ҳанӯз шанси аз гурӯҳ ба бозиҳои минбаъда роҳхат гирифтанро аз даст надодаанд.

Баъди ду давр дар гурӯҳи «А» бо 4 имтиёз дастаи мунтахаби Булғория ба зинаи аввал баромад. Тоҷикистон ва Юнон се холӣ дошта, барои роҳхати дуввум мубориза мебаранд. Дар мақоми охир бо 1 имтиёз Эстония ҷойгир шудааст. Дар бозии даври охири гурӯҳӣ 12 январ  футболбозони мо бо дастаи мунтахаби Эстония ва Булғория бо Юнон қувва меозмоянд.

Гурӯҳи «А». Даври якум
ТОҶИКИСТОН- Юнон 1:0
Гол: Эҳсони Панҷшанбе, 55 аз пеналти.
Булғория – Эстония  0:0

Даври дуввум

Булғория – Тоҷикистон 1:0

Эстония – Юнон  4:0

Дастаҳо Б Ғ М Б Т/т И
1. Булғория 2 1 1 0 1-0 (+1) 4
2. ТОҶИКИСТОН 2 1 0 1 1-1 (0) 3
3. Юнон 2 1 0 1 4-1 (+3) 3
4. Эстония 2 0 1 1 0-4 (-4) 1

 

Гурӯҳи «Б»

Даври 1

Латвия – Беларус – 2:2
Россия – Ҳиндустон – 8:0

Даври 2

Ҳиндустон – Беларус – 1:0
Россия – Латвия – 1:0

Дастаҳо Б Ғ М Б Т/т И
1. Россия 2 2 0 0 9-0 (+9) 6
2. Ҳиндустон 2 1 0 1 1-8 (-7) 3
3. Беларус 2 0 1 1 2-3 (-1) 1
4. Латвия 2 0 1 1 2-3 (-1) 1

 

Гурӯҳи  «С»

Даври 1

Литва – Озорбойҷон – 2:1
Словакия – Қазоқистон– 0:0

Дастаҳо Б Ғ М Б Т/т И
1. Литва 1 1 0 0 2-1 (+1) 3
2. Қазоқистон 1 0 1 0 0-0 (0) 1
3. Словакия 1 0 1 0 0-0 (0) 1
4. Озарбойҷон 1 0 0 1 1-2 (-1) 0

 

Гурӯҳи «D»

Даври 1

Молдова – Словения – 0:0
Санкт-Петербург – Эрон – 2:1

 

Дастаҳо Б Ғ М Б Т/т И
1. Санкт-Петербург 1 1 0 0 2-1 (+1) 3
2. Молдова 1 0 1 0 0-0 (0) 1
3. Словения 1 0 1 0 0-0 (0) 1
4. Эрон 1 0 0 1 1-2 (-1) 0

 

 

Январь 11, 2017 12:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд