Бохти дастаи мунтахаби футболи ҷавонон дар Санкт-Петербург
ДУШАНБЕ, 11.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони то 18-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дуюми худ дар гурӯҳи «А» дар мусобиқаи байналмилалӣ барои хотира ва ҷоизаи аввалин ноиби президенти ФИФА Валентин Гранаткин, ки дирӯз дар шаҳри Санкт- Петербурги Россия бо дастаи Булғория баргузор шуд, бо натиҷаи 1:0 мағлуб шуд. Ягона голро дар дақиқаи 43-юм Кирилл Николов ба самар расонд. Дар дақиқаи 57-уми нимаи дуюми вохӯрӣ довар Борислав Вакадиновро аз дастаи мунтахаби Булғория аз майдон ронд, аммо футболбозони мо ба дигар кардани натиҷа имкон наёфтанд.
Ба ин бохт нигоҳ накарда футболбозони тоҷик ҳанӯз шанси аз гурӯҳ ба бозиҳои минбаъда роҳхат гирифтанро аз даст надодаанд.
Баъди ду давр дар гурӯҳи «А» бо 4 имтиёз дастаи мунтахаби Булғория ба зинаи аввал баромад. Тоҷикистон ва Юнон се холӣ дошта, барои роҳхати дуввум мубориза мебаранд. Дар мақоми охир бо 1 имтиёз Эстония ҷойгир шудааст. Дар бозии даври охири гурӯҳӣ 12 январ футболбозони мо бо дастаи мунтахаби Эстония ва Булғория бо Юнон қувва меозмоянд.
Гурӯҳи «А». Даври якум
ТОҶИКИСТОН- Юнон 1:0
Гол: Эҳсони Панҷшанбе, 55 аз пеналти.
Булғория – Эстония 0:0
Даври дуввум
Булғория – Тоҷикистон 1:0
Эстония – Юнон 4:0
| Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т/т | И | ||
| 1. | Булғория | 2 | 1 | 1 | 0 | 1-0 (+1) | 4 | |
| 2. | ТОҶИКИСТОН | 2 | 1 | 0 | 1 | 1-1 (0) | 3 | |
| 3. | Юнон | 2 | 1 | 0 | 1 | 4-1 (+3) | 3 | |
| 4. | Эстония | 2 | 0 | 1 | 1 | 0-4 (-4) | 1 |
Гурӯҳи «Б»
Даври 1
Латвия – Беларус – 2:2
Россия – Ҳиндустон – 8:0
Даври 2
Ҳиндустон – Беларус – 1:0
Россия – Латвия – 1:0
| Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т/т | И | ||
| 1. | Россия | 2 | 2 | 0 | 0 | 9-0 (+9) | 6 | |
| 2. | Ҳиндустон | 2 | 1 | 0 | 1 | 1-8 (-7) | 3 | |
| 3. | Беларус | 2 | 0 | 1 | 1 | 2-3 (-1) | 1 | |
| 4. | Латвия | 2 | 0 | 1 | 1 | 2-3 (-1) | 1 |
Гурӯҳи «С»
Даври 1
Литва – Озорбойҷон – 2:1
Словакия – Қазоқистон– 0:0
| Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т/т | И | ||
| 1. | Литва | 1 | 1 | 0 | 0 | 2-1 (+1) | 3 | |
| 2. | Қазоқистон | 1 | 0 | 1 | 0 | 0-0 (0) | 1 | |
| 3. | Словакия | 1 | 0 | 1 | 0 | 0-0 (0) | 1 | |
| 4. | Озарбойҷон | 1 | 0 | 0 | 1 | 1-2 (-1) | 0 |
Гурӯҳи «D»
Даври 1
Молдова – Словения – 0:0
Санкт-Петербург – Эрон – 2:1
| Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т/т | И | ||
| 1. | Санкт-Петербург | 1 | 1 | 0 | 0 | 2-1 (+1) | 3 | |
| 2. | Молдова | 1 | 0 | 1 | 0 | 0-0 (0) | 1 | |
| 3. | Словения | 1 | 0 | 1 | 0 | 0-0 (0) | 1 | |
| 4. | Эрон | 1 | 0 | 0 | 1 | 1-2 (-1) | 0 |








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






