Бонкҳои ВМКБ дар соли 2016 ба бонувони соҳибкор 11 млн 614 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок доданд

Январь 11, 2017 16:56

ХОРУҒ, 11.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бонувони  соҳибкор бо мақсади ташкил ва тавсеаи корхонаҳои хурди истеҳсолӣ    соли гузашта аз филиалҳои мухталифи  бонкҳои марказӣ дар ВМКБ 11 млн 614 ҳазор сомонӣ қарз гирифтанд. Сардори шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ Сайёра Замирова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки бо истифода аз ин маблағ бонувон  дар шаҳру ноҳияҳо корхонаҳои хурди дӯзандагию бофандагӣ,  коркарди шир ва  меваю сабзавотро ба роҳ андохтанд.
Дар айни ҳол як қисми ин корхонаҳо, ба мисли «Шириниҳои Помир», «Шири кӯҳистон» «Ҳаёт» бо маром фаъолият доранд ва бо маҳсулоти хушсифати худ харидорони зиёд пайдо намуда, аз ин ҳисоб теъдоди коргаронашон низ сол аз сол меафзояд.  Бо кумаку дастгирии Маркази таълимии калонсолон бештар аз 200 нафар занону духтарони ноҳияҳои Рӯшону Роштқалъа ба омӯзиши касбҳои дӯзандагию бофандагӣ ҷалб шуданд. Пас аз хатми омӯзиш дар деҳаи Сежди ноҳияи Роштқалъа корхонаи хурди коркарди пашми бузи ангорӣ (тибетӣ) ташкил ёфт, ки ҳоло дар он 60 нафар фаъолият доранд. Маҳсулоти корхона асосан ба хориҷи кишвар фурӯхта мешавад. Соли гузашта бо кумаку дастгирии шуъбаи кор бо занони ММҲД вилояти Суғд иддае аз бонувон  соҳиби шуғли нав, яъне адрасбофӣ гаштанд. Дар корхонаи дӯзандагии  Маркази бонувони ноҳияи Дарвоз 4 дона дастгоҳи адрасбофӣ васл гардид. Ҳоло 8 нафар занон баъди омӯзиши семоҳа ба адрасбофӣ машғул ҳастанд.

Январь 11, 2017 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов