Бонкҳои ВМКБ дар соли 2016 ба бонувони соҳибкор 11 млн 614 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок доданд
ХОРУҒ, 11.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бонувони соҳибкор бо мақсади ташкил ва тавсеаи корхонаҳои хурди истеҳсолӣ соли гузашта аз филиалҳои мухталифи бонкҳои марказӣ дар ВМКБ 11 млн 614 ҳазор сомонӣ қарз гирифтанд. Сардори шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ Сайёра Замирова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки бо истифода аз ин маблағ бонувон дар шаҳру ноҳияҳо корхонаҳои хурди дӯзандагию бофандагӣ, коркарди шир ва меваю сабзавотро ба роҳ андохтанд.
Дар айни ҳол як қисми ин корхонаҳо, ба мисли «Шириниҳои Помир», «Шири кӯҳистон» «Ҳаёт» бо маром фаъолият доранд ва бо маҳсулоти хушсифати худ харидорони зиёд пайдо намуда, аз ин ҳисоб теъдоди коргаронашон низ сол аз сол меафзояд. Бо кумаку дастгирии Маркази таълимии калонсолон бештар аз 200 нафар занону духтарони ноҳияҳои Рӯшону Роштқалъа ба омӯзиши касбҳои дӯзандагию бофандагӣ ҷалб шуданд. Пас аз хатми омӯзиш дар деҳаи Сежди ноҳияи Роштқалъа корхонаи хурди коркарди пашми бузи ангорӣ (тибетӣ) ташкил ёфт, ки ҳоло дар он 60 нафар фаъолият доранд. Маҳсулоти корхона асосан ба хориҷи кишвар фурӯхта мешавад. Соли гузашта бо кумаку дастгирии шуъбаи кор бо занони ММҲД вилояти Суғд иддае аз бонувон соҳиби шуғли нав, яъне адрасбофӣ гаштанд. Дар корхонаи дӯзандагии Маркази бонувони ноҳияи Дарвоз 4 дона дастгоҳи адрасбофӣ васл гардид. Ҳоло 8 нафар занон баъди омӯзиши семоҳа ба адрасбофӣ машғул ҳастанд.








КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид






