Бозии дуюми санҷишии «Истиқлол» дар Туркия доир гардид
ДУШАНБЕ, 24.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Чемпиони Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе дар идомаи омодагиҳо ба мавсими нав дар Туркия дирӯз дуюмин бозии санҷишии худро бо дастаи «Қайсар»-и Қазоқистон анҷом дод. Тавре сомонаи расмии «Истиқлол» хабар медиҳад, ин бозӣ бо натиҷаи 1:3 бо пирӯзии футболбозони «Қайсар» ба охир расид.
«Истиқлол» дар нимаи аввали вохӯрӣ баъди голи Манучеҳр Ҷалилов (21) ба сафи пеш баромад, аммо Стефан Николич (24,пеналти), Мақсад Бойҷонов (32) ва Айбол Ҷахаев (64) дар маҷмӯъ дастаи «Қайсар»-ро ба сӯи пирӯзӣ ҳидоят карданд.
Ёдрас мешавем, ки дар бозии аввали санҷишӣ дастпарварони Мӯҳсин Муҳаммадиев аз дастаи «Интер»-и Озарбойҷон бо натиҷаи 1:2 мағлуб шуда буданд.
«Истиқлол» вохӯрии сеюмашро дар Туркия 26 январ бо КФ «Пандурий»-и Руминия мегузаронад.
Бозии санҷишӣ
«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон) — «Қайсар» (Қазоқистон) 1:3
Муаллифи голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 21 (1:0). Стефан Николич, 24 аз пеналти (1:1). Мақсад Бойҷонов, 32 (1:2). Айбол Ҷахаев, 64 (1:3).
Ҳайати «Истиқлол» дар ин бозӣ:
Рустам Ятимов, Соҳиб Саванқулов (Артем Барановский, 46), Дэвид Мавутор, Муҳаммад Ҳасан, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Ромиш Ҷалилов (Дилшод Восиев, 50), Фаридун Шарифов (Сиёвуш Асроров, 8), Фатҳулло Фатҳуллоев (Табрези Давлатмир, 65), Ристо Ристович (Эҳсони Панҷшанбе, 46), Манучеҳр Ҷалилов.
Огоҳӣ гирифтанд: Соҳиб Саванқулов, Дэвид Мавутор, Ромиш Ҷалилов («Истиқлол»), Ерасил Сейтханов («Кайсар»).
Ронда шуданд (бо ивазшавӣ): Фатҳулло Фатҳулоев («Истиқлол»), 65.
Довари майдон: Равон Ҳамзазода (Озарбойҷон).








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






