Бозии «Ҳосилот» ва «Шоҳин Асмоӣ» 7 феврал дар шаҳри Душанбе доир мешавад

Январь 4, 2017 12:15

ДУШАНБЕ, 4.01.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бозии ҷавобии байни дастаҳои «Ҳосилот»-и Фархор ва «Шоҳин» Асмоӣ»-и Афғонистонро, ки рӯзи 7 феврал дар шаҳри Душанбе мегузарад, доварони эронӣ ҳакамӣ мекунанд. Дар ин бора сомонаи ФФТ хабар медиҳад.
Ба ҳайси довари майдон Моуд Бунёдфард таъйин шудааст. Ба ӯ Саид Алинаҷодиён ва Алӣ Мирзобейгӣ кумак мерасонанд. Довари эҳтиётӣ Ҳайдари Пайём ва нозири доварон Аҳмад Ёқуб Муҳаммад Ҷумъа аз АМА ба шумор мераванд. Вазифаи комиссарии вохӯриро Жаргал Сухбаатар ба уҳда гирифтааст.
«Ҳосилот» ва «Шоҳин Асмоӣ» дар даври аввали бозиҳои плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дар ду вохӯрӣ барои ба марҳалаи дуюм баромадан мубориза мебаранд. Бозии аввали ин дастаҳо рӯзи 31 январ барпо мегардад, аммо то ба ҳол макони баргузории ин бозӣ муайян нашудааст.

Маълумотномаи «Ховар»:  КФ «Шоҳин Асмоӣ»-и Афғонистон- ҳарифи «Ҳосилот»и Фархор
«Шоҳин Асмоӣ» дастаи футболи кишвари Афғонистон мебошад, ки соли 2016 дар Лигаи бартари Афғонистон унвони қаҳрамониро ба даст овард ва бори аввал дар таърихи футболи ин кишвари дӯсту ҳамсоя дар бозиҳои Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) иштирок мекунад. Даста бо «Ҳосилот»-и Фархор дар аввалин бозии плей-офф вориди майдон мешавад.
«Шоҳин» Асмоӣ» намояндаи шаҳри Кобул аст ва дар варзишгоҳи федератсияи футболи Афғонистон (ғунҷоишаш 8 000 мухлис) машқ карда, бозиҳои худро дар он баргузор мекунад. Таърихи таъсисаш ба соли 2012 рост меояд ва лақаби «Тиллопӯшони пойтахт»-ро ба худ ихтисос додааст. Сармураббии даста Боир Эгамбердиев, собиқ сармураббии дастаи мунтахаби олимпӣ, ҷавонону наврасони Тоҷикистон ва директори Мактаби маҳорати олии футболи кишварамон мебошад. Ӯ соли гузашта ин дастаро ба унвони чемпионӣ расонид. Аз ин пештар «Шоҳин Асмоӣ» таҳти роҳбарии Алӣ Ҷаввод Аттоӣ ва Ҳабиб Бахш солҳои 2013 ва 2014 ба гирифтани ин унвон шарафёб гардид.
Дар чемпионати Афғонистон 8 даста аз минтақаҳо иштирок мекунанд ва дар ду гурӯҳ бо ҳам мусобиқа меороянд.
«Шоҳин Асмоӣ» дар ҷараёни бозиҳои соли гузашта дар гурӯҳи «А» соҳиби мақоми аввал гардид ва дар бозии нимниҳоӣ бо соҳиби мақоми дуюми гурӯҳи «В» «Симурғи Албурз» во хӯрда, бо натиҷаи 10:3 ғолиб омад ва ба бозии ниҳоӣ роҳсипор шуд. Дар бозии дуюми нимниҳоӣ «Де Майванд Аталан» бар «Спингар Базан» (4:2) пирӯзӣ ба даст овард ва дар финал «Шоҳин Асмоӣ»-ро интизор буд.
Бозии ниҳоӣ барои даспарварони Боир Эгамбердиев бобарор омад ва онҳо бо натиҷаи 2:1 «Де Майванд Аталан»-ро шикаст дода, чемпиони секаратаи Афғонистон шуданд. Дар ин бозӣ ду голро Амруддин Шарифӣ ба нишон расонд . Ин нимҳимоятгар ҳамчунин дар Афғонистон беҳтарин бозингари Премйер -Лига эълон гардида, бо ҷоизаи «Кафши тиллоӣ» сарфароз шуд.
Ҳайати дастаи «Шоҳин Асмоӣ» аз инҳо иборат аст:
Дарвозабон:
1)Ҳамидуллоҳ Юсуфзай (капитан)
Ҳимоятгарон:
2). Мақдар Қозизода
3).Масъуд Ҳошимӣ
4). Муҷтабо Файз
5). Ашраф Бубакархайл
Нимҳимоятгарон:
6). Мустафо Ҳошимӣ
7).Саид Мақсуд Ҳошимӣ(капитани 2)
8).Самиулло Муҳаммадӣ
9). Амруддин Шарифӣ
Ҳуҷумкунандаҳо:
10). Ҳишматулло Борикзай
11). Мустафо Афшор
Инчунин:
12). Зайниддин Шарифӣ
13). Маҳмуд Озод
14). Азим Таҷфӣ
15). Салим Сайфӣ
16). Саид муҳаммад Ҳошимӣ
17). Ғулом Ниёзӣ
18).Абдувакил Камолпурӣ
19). Аймал Афғон
20). Фардин Кӯҳистонӣ
21).Ёсин Ҷаъфарӣ
22). Муҳаммад Рафиъ Зарифӣ
23*). Фарҳод Андар
*-рақами бозингарон

 

Январь 4, 2017 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид