Дар давоми 60 соли фаъолият дар ДТТ 396 нафар докторону номзадҳои илм омода гардидаанд

Январь 11, 2017 16:09

ДУШАНБЕ, 11.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли равон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (ДТТ) ба номи академик М. Осимӣ 774 адад корҳои илмию методӣ, аз ҷумла  11 монография ва 19 китоби дарсӣ, 141 дастури таълимию методӣ, 603 мақолаю фишурдаи маърӯзаҳо нашр шудаанд, ки ин нисбат ба соли 2015-ум 10,9 % зиёд мебошад. Дар ин бора имрӯз дар нишасти матбуотии донишгоҳи мазкур аз ҷониби роҳбарияти ин муассиса гуфта шуд.
Тавре ки хабарнигори АМИТ  «Ховар» хабар медиҳад, дар ҷаласа зикр гардид, ки дар давоми 35 соли аввал дар донишгоҳ 240 нафар омӯзгорони унвондор кор мекарданд, ки аз онҳо фақат се нафарашон доктори илм буданд. Танҳо дар тӯли 25 соли даврони Истиқлолияти давлатӣ 42 омӯзгори донишгоҳ рисолаи докторӣ ва 167 нафари дигар рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намудаанд. Танҳо дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби устодон 1 нафар рисолаи докторӣ ва 15 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намуданд.
Агар таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти илмии омӯзгорони донишгоҳро таҳлил намоем, маълум мегардад, ки дар давоми 60 соли фаъолият 396 нафар докторону номзадҳои илм омода гардидаанд.

Январь 11, 2017 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад