Дар давоми 60 соли фаъолият дар ДТТ 396 нафар докторону номзадҳои илм омода гардидаанд
ДУШАНБЕ, 11.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли равон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (ДТТ) ба номи академик М. Осимӣ 774 адад корҳои илмию методӣ, аз ҷумла 11 монография ва 19 китоби дарсӣ, 141 дастури таълимию методӣ, 603 мақолаю фишурдаи маърӯзаҳо нашр шудаанд, ки ин нисбат ба соли 2015-ум 10,9 % зиёд мебошад. Дар ин бора имрӯз дар нишасти матбуотии донишгоҳи мазкур аз ҷониби роҳбарияти ин муассиса гуфта шуд.
Тавре ки хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ҷаласа зикр гардид, ки дар давоми 35 соли аввал дар донишгоҳ 240 нафар омӯзгорони унвондор кор мекарданд, ки аз онҳо фақат се нафарашон доктори илм буданд. Танҳо дар тӯли 25 соли даврони Истиқлолияти давлатӣ 42 омӯзгори донишгоҳ рисолаи докторӣ ва 167 нафари дигар рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намудаанд. Танҳо дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби устодон 1 нафар рисолаи докторӣ ва 15 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намуданд.
Агар таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти илмии омӯзгорони донишгоҳро таҳлил намоем, маълум мегардад, ки дар давоми 60 соли фаъолият 396 нафар докторону номзадҳои илм омода гардидаанд.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






