Дар ДДТТ дар соли 2016 барои якчанд ихтисос ва зерихтисосҳои нав иҷозатнома гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 12.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. «Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар айни замон аз рӯи 16 ихтисоси замонавӣ, ки 24 зерихтисоси ба талаботи бозори меҳнат заруриро дар бар мегирад, тибқи барномаҳои «Бакалавр», «Магистр», аспирантураю докторантура мутахассисон ва кормандони илмӣ-омӯзгориро тайёр мекунад». Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорат Мумин Шарифзода зикр намуд.
Мавсуф гуфт, ки имсол тибқи маълумоти комиссияи қабул шумораи умумии довлаталабони аз тарафи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳ пешниҳодшуда 1232 нафарро ташкил намуд. Аз шумораи умумии довталабони пешниҳодшуда 1030 нафар- ба шуъбаи рӯзона 761 нафар, ғоибона 184 нафар ҳозир шуданд, ки ин 82,4 %-ро ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, ки соли 2016 бо пешниҳоди раёсати донишгоҳ ва дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замимаи иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ тағйиру иловаҳо ворид шуда, барои якчанд ихтисос ва зерихтисосҳои нав иҷозатнома гирифта шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






