Дар ноҳияи Шуғнон дидбонгоҳи нави Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба фаъолият шурӯъ кард

Январь 16, 2017 15:14

ХОРУҒ, 16.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ бинокорони ҶДММ «Шариф» сарфи назар аз фасли сармо корашонро қатъ накарда, бинои дидбонгоҳи Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ҷумҳуриро дар маркази ноҳияи Шуғнон-шаҳраки Ваҳдат мавриди истифода қарор доданд.  Сардори ин ҷамъият Шероз Абдуллоев гуфт: «Мо ба бунёди бино моҳи майи соли равон шурӯъ кардем. Дар муддати 8 моҳ онро бо сифати хуб дар ихтиёри Раёсати Хадамоти оташнишонии ВМКБ гузоштем. Дар ин бино ҳам барои фаъолияти пурсамари ҳайати роҳбарикунанда ва ҳам гурӯҳи сӯхторнишонҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Утоқҳо гарму васеъ ва бо таҷҳизоти муосир таъмин гардиданд. Дар дохили бино ҳамчунин ошхона ва хобгоҳ мавҷуд аст».
Сардори Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВМКБ Анвар Шолангаров ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои сохтмони ин бино дуюним миллион сомонӣ ҷудо кард, изҳори минатдорӣ  намуд. Ба гуфтаи сардори раёсати мазкур, бо ба итмом расидани сохтмон мошини нави оташнишонӣ ба маблағи 560 ҳазор сомонӣ ҳарид ва дастраси кормандони ин дидбонгоҳ гардид.
Ду сол қабл дар ҷамоати Навободи ин ноҳия як дидбонгоҳ навсозӣ ва бо иловаи чанд воҳиди корӣ мавриди истифода қарор гирифта буд.

Январь 16, 2017 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд