Дар соли 2017 «Тоҷик Эйр» хатсайрҳои нав ифтитоҳ мекунад
ДУШАНБЕ, 23.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» дар соли 2017 ният дорад ба якчанд самтҳои нав хатсайр ифтитоҳ намояд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори генералии ин ширкат Хайрулло Раҳимов иттилоъ дод.
Бино ба гуфтаи Хайрулло Раҳимов, ширкат дар нимсолаи якуми соли 2016 парвозҳоро ба самти Душанбе-Пекин-Душанбе бо хизматрасонии ҷойҳои дараҷаи тиҷоратӣ ва инчунин парвозҳоро ба самти Душанбе-Сургут-Душанбе ва Хуҷанд-Нижневартовск-Хуҷанд роҳандозӣ намуд.
«Дар айни замон дар Ҷумҳурии мардумии Чин ҷашнҳои солинавӣ идома доранд ва парвозҳо муваққатан ба Пекин мавқуф гузошта шудаанд. Аз 27 феврал хатсайр боз фаъол хоҳад гашт»,-илова намуд директори генералии «Тоҷик Эйр».
Хайрулло Раҳимов афзуд, ки ҷамъияти тоҷикон дар Владивосток аз ширкати «Тоҷик Эйр» хоҳиш намудааст, ки ҳафтае як маротиба як хатсайр дар ин самт ифтитоҳ намоянд. Бо ин мақсад ширкат бо шарикони худ гуфтушунид гузаронида истодааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






