Дар вилояти Хатлон 31 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ мешавад
ҚӯРҒОНТЕППА, 11.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли 2016 ба буҷети вилояти Хатлон 802 миллион сомонӣ маблағ ворид карда шуд, ки нисбат ба соли 2015-ум 54,0 миллион ва нисбат ба нақшаи тасдиқшуда 17,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иттилоъ доданд, дар ин давра гардиши савдои мол ба 3 миллиарду 883 миллион сомонӣ расида, нисбат ба соли 2015-ум 16,4 фоиз афзоиш ёфт.
Ба иттилои манбаъ, дар соли 2016 дар вилоят 31 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи истифодашуда 424,5 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






