Донишҷӯёни ихтисосҳои туризм барои таҷрибаомӯзӣ ба «Сафед-дара» сафарбар мешаванд

Январь 31, 2017 09:06

ДУШАНБЕ, 31.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раёсати Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-дара» шартномаи ҳамкорӣ баста, минбаъд донишҷӯёни ихтисосҳои туризми донишкадаро барои таҷрибаомӯзӣ ба ин мавзеъ сафарбар мекунад. Бо ин мақсад донишҷӯёни риштаи туризми донишкада аз Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-дара» дидан намуданд.

Тавре ки аз раёсати донишкада ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, шиносоӣ аз чунин маҷмаа дар такмили донишҳои тахассусии донишҷӯён саҳми назаррас мегузорад.

Бино ба иттилои донишкада, мақсад аз сафар ба Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-дара»- шиносоӣ бо имконияту дастовардҳо дар рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва варзиши зимистонаи мамлакат буд.

Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-дара» ягона мавзеи сайёҳии лижаронӣ дар мамлакат буда,  дар километри 57-уми шаҳри Душанбе, дар баландии 2400 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Маҷмаа дорои инфрасохтори зарурии замонавӣ буда, барои баргузории мусобиқаҳои зимистона ва истироҳату фароғати меҳмонону сокинони мамлакат тамоми шароитро дорост.

Устодону донишҷӯёни донишкада бо шароити ин мавзеи варзишию сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхонаи чорошёнаи барҳавою замонавӣ, нуқтаи нигоҳдории барфгардҳо, тарабхонаю марказҳои савдо ва мавзеъҳои лижаронию барфгардӣ ошно шуда, аз хизматрасонии тамоми таҷҳизоту воситаҳои варзишию дилхушии мавзеъ истифода намуданд.

Дар маҷмаа инфрасохтори иловагӣ, аз қабили тарабхона, мағозаи фурӯши асбобу лавозимоти лижаронӣ, нуқтаҳои иҷораи лавозимоти лижаронӣ, барфгард ва ғайра сохта шудаанд.

Дар  маҷмаа мутахассисони ботаҷрибаи соҳаи варзиши зимистона, мураббиёну роҳбаладон барои муаррифии мавзеъ ва дигар ҳайати хизматрасон, ки барои фароғати сайёҳону меҳмонон дар сатҳи олӣ хизмат мерасонанд, фаъолият доранд.

Январь 31, 2017 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад