«Донишномаи Камоли Хуҷандӣ» ба нашр мерасад
ДУШАНБЕ, 06.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Давоми солҳои 2019-2020 аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» китоби «Донишномаи Камоли Хуҷандӣ» ба нашр мерасад. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Ба гуфтаи Фахриддин Насриддинов, директори Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ», китоби «Донишномаи Камоли Хуҷандӣ» ҷомеъ хоҳад буд ва дар он чопи бештар аз 3000 мақола дар назар аст.
Ба иттилои манбаъ, зимнан соли 2016 аз ҷониби ходимони илмии муассиса 18 дастхат ва китобҳои нодири «Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ» таҳия ва чопи инфиродӣ шуданд, ки «Шавоҳид-ун-нубувват»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, «Рашаҳот»-и Фахриддин Алии Сафӣ, «Тўтинома»-и Зиёи Нахшабӣ, «Девон»-и Аҳмади Ҷомӣ, «Армуғони Хислат», «Рисолаҳо дар андарзу ҳикмат», «Хористон»-и Маҷди Хофӣ аз ҷумлаи муҳимтарини онҳо мебошанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






