Дуздон ба бозингари «Ливерпул» 70 000 фунт стерлинг зарар расониданд
ДУШАНБЕ, 10.01.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дуздон ба хонаи бозингари барзилиягии дастаи «Ливерпул» Роберто Фирмино ворид гардида, ба маблағи 70 000 фунт стерлинг либос ва ашёҳои гаронбаҳоро ба яғмо бурданд. Дар ин бора «The Sun» иттилоъ медиҳад.
Дуздон пеш аз иди мавлуди католикҳо дар шаҳри Ливерпул аз паси бозингар поида, хонаашро мавриди дуздӣ қарор додаанд. Баробари аз хона бо ду кӯдак ва занаш берун шудани Роберто Фиримино ба манзили ӯ дохил шуда, соат, ашёҳои қиматбаҳо ва либосҳоро дуздидаанд. Маблағи хисороти ба бозингар расида 70 000 фунт стерлингро ташкил медиҳад.
Дар ҳоле, ки политсия дуздонро ҷустуҷӯ мекунад, Роберто бо аҳли оилааш барои истиқомат ба меҳмонхона рафтаанд.
Соли равон Роберто Фириминои 25-сола дар ҳайати дастаи «Ливерпул» 22 бозӣ гузаронида, ба дарвозаи ҳарифон 7 тӯб зада, ҳаммуалифи шаш гол шудааст. Маоши ин бозингар тибқи нишондоди расонаҳо дар як ҳафта 100 000 фунт стерлингро ташкил медиҳад.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






