Фарҳод Раҳимӣ: «Паём муҳтавои тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти моро дар худ таҷассум мекунад»

Январь 14, 2017 09:39

ДУШАНБЕ, 14.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Хирадмандон»-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳизбӣ оид ба ҳисоботи солонаи Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Хирадмандон» дар соли 2016, вазифаҳо барои соли 2017 ва баррасии самтҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ баргузор гардид.
Фарҳод Раҳимӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Хирадмандон» аз нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қабули қатъномаи СММ оид ба ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон барои даҳсолаи «Об барои рушди устувор» ёдовар шуда, чунин гуфт: «Паём муҳтавои тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти моро дар худ таҷассум карда, фаъолияти минбаъдаи моро дар самти ободкориву тараққиёт муайян сохт. Беҳтарин саҳми Тоҷикистон дар ободсозии ҷаҳони муосир- ин аз ҷониби СММ қабул шудани пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2016-2028 мебошад».

Январь 14, 2017 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид