Фароғат Азизӣ: «Шумораи довталабони Консерваторияи миллӣ кам буда, озмуни дохилшавӣ пуравҷ намегузарад»

Январь 23, 2017 16:18

Фарогат Азизи (Консерватория) (2)ДУШАНБЕ, 23.01.2017 /АМИТ Ховар/. Имрӯз ректори Консерваторяи миллии Тоҷикистон Фароғат Азизӣ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки қабули донишҷӯён ба Консерватория танҳо тавассути мактабҳои мусиқӣ амалӣ мешавад.
«Консерватория маҷбур аст хонандагонеро, ки дар мактабҳои ибтидоии мусиқӣ ва санъат таҳсил кардаанд, ба Консерватория қабул кунад, зеро онҳо савод ва фаҳмиши мусиқӣ доранд. Муттаассифона, шумораи довталабони Консерваторияи миллӣ кам буда, озмуни дохилшавӣ байни онҳо пуравҷ намегузарад. Имрӯз кабинети методие, ки бояд дар соҳаи санъат ва фарҳанг бошад, дар Вазорати фарҳанг вуҷуд надорад. Мо ба ин сохтор хеле эхтиёҷманд ҳастем, зеро таносуб байни мактабҳои таълимӣ ва Консерваторияи миллӣ аз байн рафта истодааст»,- гуфт Фароғат Азизӣ.
Ба гуфтаи номбурда, бисёр мавзӯъҳоеро, ки хонандагон бояд дар мактабҳои мусиқӣ ва коллеҷҳои санъат хонанд, онро наомӯхта, ба Консерватория меоянд. Аз ин рӯ, ҷараёни таҳсил барои омӯзгор ва донишҷӯ мушкил мегардад.
Дар соли таҳсили 2016 барои қабули довталабон 131 ҷой ҷудо гардид. Консерватория тавонист 82 %-и онро иҷро кунад.

Январь 23, 2017 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад