Гумрукчиён иди касбиашонро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 23.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 22 январ иди касбии кормандони гумруки тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Мақомоти гумруки Тоҷикистон ҳамсолу ҳамқадами Истиқлолияти давлатӣ буда, ба таъсиси ин сохтори қудратии кишвар 25 сол пур шуд.
21 январ дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон биступанҷумин солгарди мақомоти гумрук ботантана таҷлил гардид.
Тавре аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, бахшида ба иди касбии гумрукчиён ва тибқи муқаррароти моддаи 486-и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунии ҷавонафсарон баргузор шуд.
Сардори Хадамоти гумрук, генерал-лейтенанти адлия Абдуфатоҳи Ғоиб дар бораи ташаккул ва рушди мақомоти гумрук дар даврони Истиқлолияти давлатӣ сухан гуфт.
Абдуфатоҳи Ғоиб барои иҷрои софдилонаи уҳдадориҳои хизматӣ, интизоми намунавӣ, ноил гаштан ба натиҷаҳои назаррас ба фаъолияти хизматӣ ва ба муносибати биступанҷумин солгарди мақомоти гумрук як гурӯҳ кормандонро бо мукофотҳо сарфароз гардонид.
Дар ҷамъомад намояндаи Хадамоти федералии Россия дар Тоҷикистон Николай Никулин сухан намуда, табрикоти роҳбарияти мақомоти гумруки Россияро ба гумрукчиёни тоҷик расонид.











Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






