Гурӯҳи кории вилояти Хатлон дар Норак Паёми Пешвои миллатро шарҳ доданд

Январь 12, 2017 16:26

НОРАК, 12.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз вохўрии гурўҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо кормандони НБО-и «Норак» ба номи Турсун Ўлҷабоев баргузор гардид. Дар вохӯрӣ нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶТ шарҳ дода шуданд. Дар ин бора мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Норак Ҳабиба Сафарова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Дар мулоқот Маҳмадӣ Шарифзода, сармутахассиси шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Фазлиддин Шоиддинов, директори неругоҳи «Норак», Қумринисо Гулмуродзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр иштирок намуда, зимни баёни нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаҳои ифтихори миллӣ, хештаншиносию меҳанпарастӣ, ҳифзи марзу буми кишвар,, бунёдкорию созандагӣ, худшинос тарбия кардани насли наврас ва дастгирии ташаббусҳои ҷавонону занон равона сохтанд.

Январь 12, 2017 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад