«Иқтидори иқтисодии захираҳои гидроэнергетикаи Тоҷикистон»- конфронси илмӣ дар Хуҷанд
ДУШАНБЕ, 06.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба қабули қатъномаи Маҷмааи Умумии СММ «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар мавзӯи «Об барои рушди устувор» конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Тавре аз Хадамоти матбуотии вилояти Суғд хабар доданд, дар конфронс муовини ректори донишкада оид ба илм ва инноватсия, доктори илми иқтисод, профессор Тӯрақул Ризоқулов перомуни ҷанбаҳои илмӣ ва назариявии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ва саҳми Тоҷикистон, махсусан Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ташаббус ва роҳандозии ин барнома сухан гуфт.
Дар конфронс дар мавзӯъҳои «Нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қабули қатъномаи СММ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои рушди устувор», «Ҷанбаҳои иҷтимоии Даҳсолаи амалиёти «Об барои рушди устувор», «Иқтидори иқтисодии захираҳои гидроэнергетикаи Тоҷикистон» , «Амалишавии барномаҳои давлатӣ дар самти истифодаи оқилонаи об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯзаҳои илмии олимон шунида шуданд.








Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






