Имрӯз дар Душанбе ҳавои бебориш дар назар дошта шудааст

Январь 26, 2017 10:26

ДУШАНБЕ, 26.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 26 январ дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар буда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво аз 9 то 11 дараҷа гарм мешавад.
Аз рӯйи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар, дар вилояти Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо барфи камшиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва дар шарқи ин вилоят аз 3 то 8 дараҷа хунук хоҳад шуд.
Дар вилояти Xатлон ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ гардида, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо аз 8 то 13 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш пешгӯйӣ мегардад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония ва дар баъзе ҷойҳо бо шиддати аз 10 то 15 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо аз 3 то 8 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши барфи камшиддат дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо аз 7 то 12 дараҷа гарм мешавад.

Январь 26, 2017 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст