«IRS» оқибатҳои тармафароиро дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ бартараф намуд
ДУШАНБЕ, 30.01.2017. /АМИТ Ховар/. Дирӯз бар асари боришоти аз меъёр зиёди барф дар якчанд мавзеи роҳи мошингарди Душанбе- Чаноқ, шурӯъ аз километри 48 то 73-юми роҳи мазкур тарма фаромад, ки теъдоди онҳо зиёда аз 50 адад ва баландии ҳар кадоме зиёда аз 10 метрро ташкил медиҳанд. Тавре ки аз гуфтаи сокинони минтақаи мазкур бармеояд, онҳо чунин боришот ва тармафароиро дар чанд соли охир ёд надошта, чунин ҳолатро бори аввал мушоҳида намудаанд.
Дар ин бора аз Маркази матбуоти Филиали ширкати саҳҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дода, зикр карданд, ки ширкати мазкур тамоми имконоти мавҷударо бобати рафъи пайомадҳои ҳолати баамаломада равона намудаанд.
Тибқи иттилои манбаъ, роҳбарияти филиали ширкати мазкур дар минтақаи офатзада қарор дошта, баҳри бартараф намудани оқибатҳои он зиёда аз 30 техникаи пуриқтидори ширкат сафарбар гардидааст, ки дар айни ҳол беист фаъолият доранд. «То ин замон ба таври фаврӣ тармаҳо бартараф шуда, бо кумаки техника ва кормандони «IRS» нақлиёту мусофирони ба мушкил мувоҷеҳшуда аз банди барф озод шуда, ҳаракати нақлиёт дар ин самт таъмин гардид», -афзуд манбаъ.
Масъулини Маркази матбуоти филиали ширкати мазкур ҳамчунин иттилоъ доданд, ки бобати нигоҳдории роҳ дар сатҳи хуб ва сифати баланд намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Варзоб 3200 метри мукааб қум, 300 тонна намак, 75000 литр сўзишвории дизелӣ, намояндагии Зарафшон 2000 метри мукааб қум, 300 тонна намак, 80000 литр сўзишвории дизелӣ, намояндагии Суғд 2550 метри мукааб қум, 200 тонна намак, 40000 литр сўзишвории дизелӣ ва ғайра захира намудаанд. Ба ғайр аз ин, дар Фонди эҳтиётӣ 434769 тонна сўзишвории дизелӣ захира шуда, дар мавриди зарурӣ масраф хоҳад шуд.
Филиали Ширкати «IRS» ҳамрадиф бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои иттилоотониро тавсеа бахшида, бо фарорасии фасли сармо роҳандозии смс-хабар, пешниҳоди иттилоъ дар сомонаи филиали ширкат оид ба вазъи роҳ ва номусоидии боду ҳаво, насби банер ва ғайраҳоро ба роҳ мондааст. Мутаассифона, аксари шаҳрвандон ба ин масъала, яъне иттилои пешниҳодшуда бетафовутӣ зоҳир намуда, ҷони худро ба хатар мегузоранд, ки чунин беэътиноӣ баъзан боиси талафоти ҷонии шаҳрвандон мегардад.










Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид






