Иштироки намояндаи Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Гайдар
ДУШАНБЕ,16.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маскав Форуми VIII байналмилалии Гайдар дар мавзӯи «Россия ва ҷаҳон: интихоби афзалиятҳо» доир гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш Лутфия Абулхолиқзода, ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ кард.
Форуми мазкур бо ибтикори Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон итилоъ доданд.
Л.Абдулхолиқзода дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии муассисаи заминавии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ оид ба омодасозии кадрҳо дар самти идоракунии давлатӣ, ки дар доираи Форум доир гардид, иштирок намуда, аз таҷрибаи Тоҷикистон гузориш дод. Мавсуф пешниҳод намуд, ки масъалаҳои анҷоми тадқиқоти илмӣ, гузаронидани конфронсҳои муштараки илмӣ-амалӣ ва ташкили амалисозии барномаҳои магистрӣ ва омодасозии аспирантҳо дар доираи ҳамкорӣ ба роҳ монда шаванд. Ҳамзамон Абдухолиқзода дар кори ҷаласаҳои Форум иштирок намуда, доир ба масъалаҳои муҳими рушди бахши хизмати давлатӣ ва идораи давлатӣ дар Тоҷикистон маълумот дод.
Лутфия Абулхолиқзода, ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот бо роҳбарияти Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия Владимир Мау масъалаҳои марбут ба таҳсили магистрантҳо ва аспирантҳои тоҷик, сифати тайёр намудани мутахассисони бахши хизмати давлатии муосир ва усулҳои навини омодакунии кадрҳои роҳбарикунандаи миллиро матраҳ намуд.
Дар Маскав Л. Абдулхолиқзода бо магистранҳо ва аспирантҳои тоҷик, ки дар Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия таҳсил менамоянд, вохӯрӣ анҷом дод.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






