Иттиҳодияҳои динии ҷумҳурӣ ба ятимону маъюбон ва шахсони бепарастор беш аз 2 миллион сомонӣ кумакҳои пулию молӣ расониданд

Январь 10, 2017 16:16

ДУШАНБЕ, 10.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази матбуоти АМИТ «Ховар» нишасти матбуотии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора хабанигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
«Тибқи маълумоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иттиҳодияҳои динии ҷумҳурӣ ба ятимону маъюбон, шахсони бепарастор ва оилаҳои камбизоат ба муносибати иди байналмилалии Наврўз, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, иди Рамазон ва иди саиди Қурбон ба маблағи 2 миллиону 686 ҳазору 196 сомонӣ кумакҳои пулию молӣ расониданд»,- зикр кард Ҷумъахон Ғиёсов, муовини якуми Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мавсуф оид ба робитаҳои байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумита гуфт: «Сафарбаркунии ҳоҷиёни Тоҷикистон аз ҷониби ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр», ҶСК Тоҷик Эйр ва ширкати ҳавопаймоии «Флайнюс»-и Шоҳигарии Арабистони Саудӣ тавассути 27 хатсайр аз фурудгоҳҳои шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ба шаҳрҳои Ҷидда ва Мадина 21 августи соли 2016 шурӯъ гардида, 5 сентябри соли 2016 ба анҷом расид. Бозгашти зоирини тоҷик ба Ватан 18 сентябр оғоз ёфта, 6 октябр анҷом ёфт».

Январь 10, 2017 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад