КИ ҲХДТ Шоҳмансур: Вакилон нуктаҳои Паёми Пешвои миллатро ба интихобкунандагон шарҳ медиҳанд

Январь 13, 2017 17:11

ДУШАНБЕ, 13.01.2017. /АМИТ Ховар/. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур  вохӯриҳои вакилон  бо интихобкунандагон бобати  шарҳи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  идома доранд.
Дар ин бора  Ҷӯрабек Муродов, мудири  шуъбаи  таблиғот ва иттилооти  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур иттилоъ дода, зикр кард, ки Баҳром Абдуалимов, Лутфия Раҷабова,  вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Шоҳмансур № 3 дар якҷоягӣ бо  олимону устодони макотиби олии кишвар дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Шоҳмансур  бо интихобкунандагон   мулоқот намуданд.
Иштирокдорон асосан атрофи Паёми имсолаи  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфта,  таъкид карданд,  ки Паёми Пешвои миллат  тоҷикистониёнро баҳри ворид гардидан   ба марҳалаи нави рушди кишвар раҳнамун сохта,  ҳар яки моро  вазифадор менамояд, ки  барои  ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошем.

Январь 13, 2017 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад