Коҳиши гардиши савдои берунӣ сабаби иҷро нагардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ гардид

Январь 27, 2017 17:52

Молия (2)ДУШАНБЕ, 27.01.2017. /АМИТ Ховар/. Дар соли 2016 аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ ба буҷет 3,8 миллиард сомонӣ ворид гардид, ки ин 90,1 фоизи нақшаро ташкил дода, нисбат ба нақша 421, 0 миллион сомонӣ кам мебошад. Сабаби асосии камшавӣ коҳишёбии гардиши савдои берунӣ мебошад. Ин нуктаро Ҷамшед Каримзода, муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён кард.
Ҷамшед Каримзода дар тақвияти ин мавзӯъ ҳамчунин иттилоъ дод, ки соли 2016 ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ 3929,6 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод. Аз ҷумла, содирот 898, 7 миллион доллари ИМА ва воридот 3030,9 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, ҳаҷми содирот нисбат ба соли 2015 ба андозаи 0,9 банди фоиз зиёд ва ҳаҷми воридот 11,8 фоиз кам гардидааст.
Дар нишаст ҳамчунин зикр гардид, ки маблағи умумии қарзи берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 2,3 миллиард доллари ИМА -ро ташкил дода, ба 32, 7 фоизи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ баробар гардидааст.

Январь 27, 2017 17:52

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад