Коҳиши гардиши савдои берунӣ сабаби иҷро нагардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ гардид
ДУШАНБЕ, 27.01.2017. /АМИТ Ховар/. Дар соли 2016 аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ ба буҷет 3,8 миллиард сомонӣ ворид гардид, ки ин 90,1 фоизи нақшаро ташкил дода, нисбат ба нақша 421, 0 миллион сомонӣ кам мебошад. Сабаби асосии камшавӣ коҳишёбии гардиши савдои берунӣ мебошад. Ин нуктаро Ҷамшед Каримзода, муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён кард.
Ҷамшед Каримзода дар тақвияти ин мавзӯъ ҳамчунин иттилоъ дод, ки соли 2016 ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ 3929,6 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод. Аз ҷумла, содирот 898, 7 миллион доллари ИМА ва воридот 3030,9 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, ҳаҷми содирот нисбат ба соли 2015 ба андозаи 0,9 банди фоиз зиёд ва ҳаҷми воридот 11,8 фоиз кам гардидааст.
Дар нишаст ҳамчунин зикр гардид, ки маблағи умумии қарзи берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 2,3 миллиард доллари ИМА -ро ташкил дода, ба 32, 7 фоизи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ баробар гардидааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






