Кормандони милитсия ба муомилот баровардани пулҳои қалбакиро пешгирӣ карданд
ДУШАНБЕ, 20.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 29-солаи сокини шаҳри Хуҷандро ҳамчун гумонбар дар тайёр ва ба муомилот баровардани пул ё қоғазҳои қиматноки қалбакӣ дастгир намуданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, аз гумонбаршуда дар ҳудуди бозори марказии шаҳри Исфара ҳангоми ба муомилот баровардан 8 адад пулҳои 500 евро гирифта шуд. Санҷиш муайян намуд, ки пулҳои гирифташуда бе риоя кардани талаботи технологӣ тайёр карда шуда, қалбакӣ мебошанд.
Нисбат ба дастгиршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Инчунин аз ҷониби кормандони милитсия марди 45-солаи сокини ноҳияи Мурғоб бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳои табиӣ дастгир карда шуд.
Дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ аз дохили халтаи полиэтиленӣ 220 грамм сангҳои қиматбаҳои ёқут ва 3 килою 300 грамм сангҳои навъи кордиалит дарёфт ва мусодира карда шуд.
Санҷиш ва корҳои тафтишотӣ дар ин самт давом доранд.








РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Гвардияи миллӣ ба сохтори қудратманди ҳарбии таъйиноти махсус табдил ёфтааст
Даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ аз моҳи октябр оғоз мегардад
БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Миллати тоҷбарсар ва Сарвари тамаддунофар
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ПУШТИБОНУ ҒАМХОРИ ЯТИМОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
«Нозирони навраси ҳаракат»-и Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷойи якум гардиданд
Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо иштироки кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамоиши идона доир гардид
Амнияти киберӣ яке аз муҳимтарин унсурҳои амнияти миллии Тоҷикистон мебошад
Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии сеюми «Шабакаи занон GLO.ACT» иштирок менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши шаҳрвандон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ мулоқот доир гардид
«SOS». Барномаи мобилие, ки дар ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандон кумак мерасонад
Тоҷикистон ва шарикони минтақавию байналмилалӣ ҳамкориро дар самти идоракунии хавфҳои иқлимӣ тақвият медиҳанд






