Криштиану Роналду аз ҷониби FIFA бозингари беҳтарини соли 2016 эълон гардид
ДУШАНБЕ, 10.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамлагари дастаи «Реал»-и Мадрид ва тими мунтахаби Португалия Криштиану Роналду аз ҷониби Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) беҳтарин бозингари соли 2016 эълон гардид. Дар ин бора «fifa.com» хабар медиҳад.
Марсими супоридании ҷоиза ба беҳтарин футболбози ҷаҳони соли 2016 шоми дирӯз дар шаҳри Тсюрихи Швейтсария барпо гардид. Дар овоздиҳӣ Криштиану Роналду аз ҳамлагари дастаи мунтахаби Аргентина ва КФ «Барселона» Лионел Месси ва Антуан Гризмани франсавӣ («Атлетико» Мадрид) пеш гузашт.
ФИФА ҳамчунин ба унвони беҳтарин мураббии соли 2016 Клавдио Раннериро аз дастаи «Лестер Ситӣ» ва аз футболи бонувон Силвия Найдро (Олмон) интихоб кард.
Ба ҳайати рамзии дастаи мунтахаби соли 2016 ин бозингарон шомил шуданд:
Мануэл Нойер (Олмон, «Бавария»), Дани Алвес (Бразилия, «Ювентус»), Жерар Пике (Испания, «Барселона»), Серхио Рамос (Испания, «Реал»), Марсело (Бразилия, «Реал»), Лука Модрич (Хорватия, «Реал»), Тони Кроос (Олмон, «Реал»), Андрес Инеста (Испания, «Барселона»), Лионел Месси, Луис Суарес (Уругвай, «Барселона») ва Криштиану Роналду.
Ба ҷоизаи «Fair play» футболбозони дастаи «Атлетико Насйонал»-и Колумбия, ки аз сабаби суқути ҳавопаймои КФ «Шапекоэнсе» ва марги 19 бозингари ин даста Ҷоми Америкаи Ҷанубиро ба футболбозони КФ «Шапекоэнсе» ҳадя карданд, сарфароз гардиданд.
Барои Криштиану Роналду мавсими футболи соли 2016 аз беҳтарин солҳое ба шумор меравад, ки дар таърихи футбол ягон варзишгар ба чунин дастовард муваффақ нашудааст. Аввлан дар шаҳри Дубаи Амороти Мутаҳидаи Араб бори сеюм ӯро бо ҷоизаи «Globe Soccer Awards», ки аз соли 2010 инҷониб ба беҳтарин бозингари ҷаҳон бо раъйдиҳии Ассотсиатсияи аврупоии агентҳои футбол (ЕФАА) ва Ассотсиатсияи клубҳои футболи Аврупо (ЕСА) муайян мекунанд, супориданд. Дуюм, ӯро ба ҳайси беҳтарин варзишгари соли 2016-и Агентии иттилоотии кишварҳои Аврупо дар Аврупо эълон карданд.
Криштиану Роналду 12 декабри соли равон маротибаи чорум соҳиби унвони беҳтарин футболбози ҷаҳон гардида, ҷоизаи «Тӯби тилло»-и «France Football»-ро ба худ ихтисос дод.
Криштиано Роналдуро дар Фаластин «Одами сол» шумориданд ва беш аз 1200 нафар бо роҳбарии президенти ин кишвар Маҳмуд Аббос дар маросими ҷоизасупорӣ ширкат карданд.
Роналду дар соли 2016 унвони чемпиони Аврупоро дар ҳайати дастаи мунтахаби Португалия ба даст оварда, бо «Реал» соҳиби Ҷоми Лигаи чемпионҳо ва Ҷоми ҷаҳон байни клубҳо гардид. Дар ин бозиҳо низ ӯ ба ҳайси беҳтарин бозингар ва нишонзан эътироф шуд.
Криштиану Роналду душ Сантуш Авейру 5 феврали соли 1985 дар шаҳри Фуншали Португалия ба дунё омадааст. Аз соли 1993 то ба имрӯз дар ҳайати дастаҳои «Андориня», «Насйонал», «Спортинг», «Манчестер Юнайтед» ва дастаҳои мунтахаби Португалия бозӣ карда, ҳунарнамоиашро дар ҳайати КФ «Реал» идома медиҳад.
«Номи Роналду дар Португалия хеле кам ба чашм мерасад. Падараш Жозе Диниша Авейру ба хотири эҳтироми президенти онвақтаи Америка Роналд Рейган номи писарашро Роналду гузоштааст. Номи дуюми ӯ Криштиану аст»,-омадааст дар «ru.wikipedia.org».








Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид






