Маркази миллии тестӣ барои омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Хоруғ давраи омӯзишӣ баргузор кард

Январь 27, 2017 17:53

Маркази тестиХОРУҒ, 27.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестӣ бо мақсади шинос намудани хатмкунандагони макотиби таҳсилоти умумӣ бо низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ва тарзу шеваи имтиҳоноти тестӣ барои омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Хоруғ давраи дурӯзаи омӯзишӣ баргузор кард. Раҳбари бахши вилоятии Маркази миллии тестӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳтут Хоников дар робита ба ин гуфт: «Дар ин рӯз омӯзгорон бо сохтори марказ ва тарзи фаъолияти он, низоми имтиҳонсупорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ ба таври комил шинос карда мешаванд. Баъди хатми омӯзиш ба омӯзгорон китоби «Раҳнамои довталаб», сабти видеоии давраи омӯзишӣ, намунаи тестҳо ва варақаи ҷавобҳо тақдим карда мешаванд».
Ин омӯзгорон дар оянда чун таблиғгар ҳақ доранд, ки бо ҳамкасбону шогирдон ва волидони онҳо доир ба низоми марказонидаи дохилшавӣ, гурӯҳбандии ихтисосҳо, тарзи дурусти посух ба суолҳои тестӣ мулоқоту суҳбатҳо баргузор намоянд.

Январь 27, 2017 17:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад