Маркази миллии тестӣ барои омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Хоруғ давраи омӯзишӣ баргузор кард
ХОРУҒ, 27.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестӣ бо мақсади шинос намудани хатмкунандагони макотиби таҳсилоти умумӣ бо низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ва тарзу шеваи имтиҳоноти тестӣ барои омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Хоруғ давраи дурӯзаи омӯзишӣ баргузор кард. Раҳбари бахши вилоятии Маркази миллии тестӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳтут Хоников дар робита ба ин гуфт: «Дар ин рӯз омӯзгорон бо сохтори марказ ва тарзи фаъолияти он, низоми имтиҳонсупорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ ба таври комил шинос карда мешаванд. Баъди хатми омӯзиш ба омӯзгорон китоби «Раҳнамои довталаб», сабти видеоии давраи омӯзишӣ, намунаи тестҳо ва варақаи ҷавобҳо тақдим карда мешаванд».
Ин омӯзгорон дар оянда чун таблиғгар ҳақ доранд, ки бо ҳамкасбону шогирдон ва волидони онҳо доир ба низоми марказонидаи дохилшавӣ, гурӯҳбандии ихтисосҳо, тарзи дурусти посух ба суолҳои тестӣ мулоқоту суҳбатҳо баргузор намоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






